Ҷаласаи навбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа баргузор гардид
18.12.2023

Ҷаласа оид ба муҳокимаи натиҷахои сафарҳои назоратии Комиссияи назоратӣ

25 декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе, дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Румӣ» таҳти раёсати муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи назоратии назди Кумитаи миллии ҳамоҳангсози мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Амирзода А. ҷаласаи корӣ оид ба баррасии натиҷаҳои кори Комиссияи назоратӣ дар соли 2023 баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ ва бемории сил, марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО/БПНМ ва сили шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, кормандони котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ ва дигар шахсони даъватшуда иштирок намуданд.

Дар ҷаласа аъзоёни Комиссияи назоратӣ натиҷаҳои сафарҳои худро оид ба назорати иҷрои барномаҳои миллии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ ва сил ва грантҳои Хазинаи глобалӣ аз ҷониби марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ ва сил дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пешниҳод намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудию мушкилиҳои ошкоргардида дар соҳаи идоракунии молиявӣ ва барномавӣ тавсияҳо пешниход намуданд.

Раиси Комиссияи назоратӣ Амирзода А. вобаста ба пурзӯр намудани кори Комиссияи назоратӣ аз болои иҷрои на танҳо грантҳои Хазинаи глобалӣ, балки ҳамчунин назорати иҷрои барномаҳои миллии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ ва бемории сил таъқид намуд.

Ҳайати нави Комиссияи назоратӣ аз нимаи дуюми соли 2023 ба кори худ шурӯъ намуд.