Ҷаласаи ҳамоҳангсозии Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзоёни Шӯрои ҳамоҳансозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар вилояти Суғд баргузор гардид
21.10.2023
Ҷаласа оид ба муҳокимаи натиҷахои сафарҳои назоратии Комиссияи назоратӣ
25.12.2023

Ҷаласаи навбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа баргузор гардид

Имруз, 18 декабри соли 2023 дар бинои муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Сатториён Матлубахон ҷаласаи навбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзоёни Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа ҳисоботи намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои “Барномаи миллии муқовимат бар зидди эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон дар бораи татбиқи гранти Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди ВНМО ва бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Спин плюс» оид ба амалияи фаъолият дар самти фармоиши иҷтимоии давлатӣ шунида шуданд. Дар ҷаласа инчунин лоиҳаҳои низомнома ва ҳайати нави гурӯҳҳои кории техникии назди Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ, нақшаҳои кории Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ ва Комиссияи назоратии назди Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ барои соли 2024 баррасӣ гардиданд.

Аз натиҷаи муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.