Ҷаласаи якҷояи Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳансозии пешгирӣ ва мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар вилояти Суғд баргузор гардид
02.10.2026
Ташрифи ҳайати намояндагони Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа ба Тоҷикистон
19.11.2026

Вохӯрии кории сайёри зергирандагони гранти Хазинаи глобалӣ

12-13 ноябри соли 2026 дар ноҳияи Варзоб бо иштироки намояндагони Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (гирандаи асосии грант), ташкилотҳое, ки зергирандагони гранти Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа мебошанд, Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гуруҳи  татбиқи лоиҳаи Хазинаи глобалӣ дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кории сайёр баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои натиҷаҳои татбиқи гранти Хазинаи глобалӣ дар се семоҳаи соли 2026, вазифаҳо барои анҷом додани нақшаҳои кории зергирандагони грант барои семоҳаи чорум, омода кардани ҳисоботҳои барномавӣ барои семоҳаи чоруми соли 2026 ва ҳисоботҳои ниҳоӣ оид ба натиҷаҳои лоиҳаи Хазинаи глобалӣ, омодагӣ барои гузариши вазифаи гирандаи асосии грант аз БРСММ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои марбут ба гранти Хазинаи глобалӣ баррасӣ гардиданд.