ДАРХОСТ БАРОИ ИЗҲОРИ ҲАВАСМАНДӢ
30.07.2026

Ҷаласаи корӣ оид ба дархост ба Хазинаи глобалӣ барои давраи солҳои 2027-2029 баргузор гардид

22 сентябри соли 2026 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВТҲИА ҶТ) вохӯрии корӣ оид ба дархост ба Хазинаи глобалӣ барои давраи грантии 8-ум (солҳои 2027-2029) ва ҳамкории минбаъда бо ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони ВТҲИА ҶТ, Барномаи Рушди СММ, Маркази ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО ва гепатитҳои парентералии вирусӣ, хадамоти наркологӣ, ташкилотщои ғайридавлатӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Ҳадафи вохӯрӣ – таъмини муколамаи озод, баланд бардоштани шаффофият дар раванди омодасозии дархост ва тақвияти иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалишавии барномаҳо оид ба бемориoҳои ВНМО, сил ва дастгирии гурӯҳҳои калидии аҳолӣ.

Дар ин чорабинӣ маълумоти навтарин дар бораи вазъи кунунии дархост ва раванди пешниҳоди грант манзур карда шуда, шарҳҳои Гурӯҳи техникии коршиносони  Хазинаи глобалӣ (TRP) ва ҷавобҳои омоданамудаи тарафи кишвар ба онҳо баррасӣ гардида,  афзалиятҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дараҷаи инъикоси онҳо дар дархост муаррифӣ карда шуданд ва механизми ҳамкории оянда байни Гирандаи асоси грант ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ шарҳ дода шуданд.