Ҷаласаи ҳамоҳангсозии Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзоёни Шўрои ҳамоҳансозии пешгирӣ ва мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар вилояти Хатлон баргузор гардид.
29.09.2023
Ҷаласаи навбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа баргузор гардид
18.12.2023

Ҷаласаи ҳамоҳангсозии Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзоёни Шӯрои ҳамоҳансозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар вилояти Суғд баргузор гардид

20 октябри соли 2023, дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҷаласаи ҳамозангсозии Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ), сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзоёни Шӯрои ҳамоҳансозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзоёни Шӯрои ҳамоҳансозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа, кормандони Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони даъватшуда иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа ҳисоботҳои сохторҳои дахлдори вилояти Суғд оид ба рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ ва ва нақшаҳои стратегӣ дар вилояти Суғд, аз ҷумла “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии  масунияти  одам  ва  бемории  пайдошудаи  норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”, “Нақшаи стратегии назорати пешгирии хурӯҷ ва аз нав барангезиши интиқоли бемории вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023” ва дигар масъалаҳои дахлдор баррасӣ гардида, аз натиҷаи баррасии онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.