Эълон дар бораи ҷалби мушовири миллӣ барои таҳия намудани Нақшаи тақвияти мавқеи КМҲ дар платформаҳо ва низоми амалкунандаи мақомоти идоракунии тандурустӣ
05.09.2023
Ҷаласаи ҳамоҳангсозии Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзоёни Шӯрои ҳамоҳансозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар вилояти Суғд баргузор гардид
21.10.2023

Ҷаласаи ҳамоҳангсозии Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзоёни Шўрои ҳамоҳансозии пешгирӣ ва мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар вилояти Хатлон баргузор гардид.

Имруз, 29 сентябри соли 2023, дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҷаласаи ҳамозангсозии Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзоёни Шўрои ҳамоҳансозии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ, сил ва вараҷа дар вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзоёни Шўрои ҳамоҳансозии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ, сил ва вараҷа дар вилояти Хатлон, кормандони Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони даъватшуда иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа ҳисоботҳои Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО дар вилояти Хатлон оид ба рафти иҷрои “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии  масунияти  одам  ва  бемории  пайдошудаи  норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар вилояти Хатлон, ҳисоботи Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Хатлон оид ба ҷараёни иҷрои “Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар вилояти Хатлон ва дигар масъалаҳои вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО ва бемории сил шунида шуда, аз натиҷаи баррасии онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.