Ҷаласа оид ба муҳокимаи натиҷахои сафарҳои назоратии Комиссияи назоратӣ
25.12.2023
Вохӯрии ҳайати кормандони Хазинаи глобалӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
02.05.2024

Ташрифи ҳайати кормандони Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа ба Тоҷикистон

Имрӯз, 29 апрели соли 2024, ҳайати кормандони Глобалӣ оид ба мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа ба кори худ дар Тоҷикистон оғоз кард.

Ҳайати Хазинаи глобалиро ҷониби Давран Файзан, менеҷери портфолиои фонд, Наталя Маник, мутахассис оид ба рушди устувор, гузариш ва маблағгузории муштарак, Нино Мдивани, мутахассис оид ба тандурустии ҷамъиятӣ, мониторинг ва арзёбӣ ва Вера Профази, мутахассиси барнома намояндагӣ менамоянд.

Дар назар аст, ки дар ҷараёни сафар намояндагони Хазинаи глобалӣ бо роҳбарияти Кумитаи миллии ҳамоҳангсози мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони дахлдори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони созмонхои байналмилали ва гайридавлати бо максади баррасии масъалаҳои марбут ба амалишавии  грантҳои Хазинаи глобалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотҳо доир намоянд.

Ҳайати кормандони Хазинаи глобалӣ кори худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 3 майи соли 2024 идома хоҳад дод.