Ҷаласаи навбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа баргузор гардид
23.06.2023
Муаррифии ҳисоботи глобалии ЮНЭЙДС
18.07.2023

Вохўрии роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа.

Имруз, 23 июни соли 2023 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсинзода Гафур Муҳсин бо намояндагони Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа баргузор гардид.

Дар вохурӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода А., дигар кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ҳайати Хазинаи глобалиро дар вохурии мазкур Давран Файзан – менеҷер портфолио, Наталя Маник – мутахассис оид ба масъалаҳои таъмини устуворӣ ва маблаггузории муштараки Хазинаи глобалӣ, Шепард Муфудзи – мутахассис оид ба масъалаҳои тандурустии ҷамъиятӣ ва мониторинг ва арзёбӣ,  Ганна  Болоховетс –  мутахассис оид ба идоракунии маҳсулоти тиббӣ ва Айгул Мурат – мутахассиси барномавӣ намояндагӣ намуданд.

Дар вохурӣ масъалаҳои вобаста ба татбиқи гранти амалкунандаи Хазинаи глобалӣ дар Тоҷикистон дар самти бемориҳои ВНМО ва сил, инчунин амалӣ намудани гранти нави Хазинаи глобалӣ дар самти бемориҳои ВНМО ва сил барои солҳои 2024-2026, аз ҷумла таъмини маблаггузории муштараки татбиқи грант,  баланд намудани сатҳи дарёфти бемории сил, таъсис додани Гуруҳи татбиқи грант дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар масъалаҳои алоқаманд муҳокима карда шуданд.