Вохўрии роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа.
23.06.2023
Эълон дар бораи ҷалби мушовири миллӣ барои таҳия намудани Нақшаи тақвияти мавқеи КМҲ дар платформаҳо ва низоми амалкунандаи мақомоти идоракунии тандурустӣ
05.09.2023

Муаррифии ҳисоботи глобалии ЮНЭЙДС

Имрӯз дар шаҳри Душанбе муаррифии ҳисоботи глобалии ЮНЭЙДС барои соли 2022  баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳо, ташкилотҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин шарикони байналмилалӣ ва миллӣ иштирок намуданд.

Мавзӯи ҳисобот ин аст, ки роҳи хотима додан ба бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ) вуҷуд дорад. Инҳо стратегияҳое мебошанд, ки самаранокии худро собит кардаанд ва барои ба даст овардани натиҷаҳои беҳтар дар пешгирии ВНМО/БПНМ аз онњо пайравӣ кардан мумкин аст.

Дар ҳисобот гуфта мешавад, ки чорабинињо вобаста ба БПНМ дар сурате муваффақ хоҳанд шуд, ки онњо бо ӯҳдадории қавии сиёсӣ, ки дар маблағгузории мувофиқ  ва боэътимод, амалҳои ба далелҳо ва маълумотњо асосёфта, коҳиш додани нобаробарӣ ва табъиз ва эътирофи аҳамияти мудохилаҳои таҳти роҳбарии ҷомеа таҷассум ёфтаанд, такя менамоянд.