Тоҷикистон давлати аз вараҷа озод эълон шуд
19.05.2023
Вохўрии роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа.
23.06.2023

Ҷаласаи навбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа баргузор гардид

Имруз, 23 июни соли 2023 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Абдухолиқ ҷаласаи навбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ, аз ҷумла Давран Файзан – менеҷер портфолиои Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа, Наталя Маник – мутахассис оид ба масъалањои таъмини устуворӣ ва маблаггузории муштараки Хазинаи глобалӣ ва Шепард Муфудзи, мутахассис оид ба масъалањои тандурустии ҷамъиятӣ ва мониторинг ва арзёбии Хазинаи глобалӣ ширкат намуданд.

Дар ҷаласа ҳисоботи намояндагони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рафти ичрои Барномаи миллии муқовимат бар зидди эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», гузориши Маркази ҷумхуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рафти татбиқи Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», инчунин маълумоти Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба гранти нави Хазинаи глобалӣ барои мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ ва сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 шунида шуд.

 Дар ҷаласа инчунин ҳайати нави Комиссияи назорати Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ тасдик карда шуд.

Дар натиҷаи муҳокимаи масъалаҳои рузнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Протоколи ҷаласа