
Бо мақсади омода намудани лоиҳаи дархости кишвар барои дарёфти маблағгузорӣ аз Хазинаи глобалӣ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО ва сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2029 бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВТҲИА) аз 23.02.2026, N12-243 гурӯҳҳои кории байнисоҳавӣ таъсис дода шуданд, ки ба ҳайати онҳо намояндагони Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бо бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ВТҲИА, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ ва ҷомеали шаҳрвандӣ шомил мебошанд.
Ҳамаи шарикон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони шахсони мубталои ВНМО/БПНМ ва сил метавонанд пешниҳодҳои худро ҷиҳати ворид намудан ба лоbҳаи дархости кишвар ба гурӯҳҳои корӣ ё ба Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳансгсозӣ (почтаи электронӣ: ncc.tajikistan@gmail.com) пешниҳод намоянд.
Маълумоти бештар вобаста ба пешниҳоди дархост ба Хазинаи глобалиро метавонед
тавассути истиноди зерин пайдо намоед: https://resources.theglobalfund.org/en/