Оғози раванди таҳияи дархости кишвар барои дарёфти маблағгузорӣ аз Хазинаи глобалӣ дар самти мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО ва сил барои солҳои 2024-2026
21.09.2022
Вохӯрии шарикони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷомеаҳо, сохторҳои давлатӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар доираи Муколамаи миллӣ оид ба омода намудани дархости кишварии нав оид ба дарёфти маблағгузории Хазинаи глобалӣ
19.12.2022

Номаи Хазинаи Глобалӣ дар бораи ҷудо намудани маблағ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО ва сил барои давраи ҷудокунии маблағ – солҳои 2023-2025

Имрӯз, 16 декабри соли 2022 аз Хазинаи глобалӣ ба унвонии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза баз зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистоннома нома дар бораи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани маблағ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО ва сил барои давраи ҷудокунии маблағ – солҳои 2023-2025 ворид гардид.

Мутобиқи қарори Раёсати Хазинаи глобалӣ, ки моҳи ноябри соли 2022 дар бораи ҷудо намудани маблағҳо барои солҳои 2023-2025 қабул шуда буд, ҷиҳати мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО, сил ва фароҳам овардани шароит барои таъсис додани системаи устувори тандурустӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 964 147 доллари ИМА маблағ ҷудо карда шуд (Мактуб оид ба тақсими маблағҳо).

Мӯҳлати пешниҳоди дархости Ҷумҳурии Тоҷикистон дар равзанаи якуми пешниҳоди дархостҳо барои маблағгузорӣ – 20 марти соли 2023 муқаррар шудааст.

Гурӯҳҳои кории техникӣ оид ба таҳияи дархости кишварӣ барои маблағгузорӣ аз Хазинаи глобалӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО ва сил, ки дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, мувофиқи номаи Хазинаи глобалӣ дархости кишварро таҳия ва пешниҳод менамоянд.