Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба омодасозии дархости кишвар дар самти бемории сил ба Хазинаи глобалӣ барои давраи солҳои 2027-2029
03.04.2026

Ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи дархости кишвар дар самти ВНМО ба Хазинаи глобалӣ барои солҳои 2027-2029

Имрӯз, 7 майи соли 2026, дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳамоҳангии Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи дар дархости кишвар дар самти ВНМО ба Хазинаи глобалӣ барои солҳои 2027-2029 баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои гурӯҳи корӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, шахсони даъватшуда, инчунин мушовирони байналмилалӣ Татяна Дешко ва Катерина Бойко иштирок доштанд.

Дар рафти ҷаласа, ҷузъҳои асосии дархост, аз ҷумла пешгирии ВНМО дар байни гурӯҳҳои асосии аҳолӣ, бахусус коргарони муҳоҷир ва харидории доруҳо барои табобати шахсони гирифтори ВНМО, баррасӣ шуданд. Дар рафти муҳокима аъзои гурӯҳи корӣ фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро барои дохил кардан ба дархост пешниҳод намуданд.