
5 июни соли 2026 дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Амирзода А.А. ҷаласаи навбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.
….

…..
Дар ҷаласаи мазкур аъзои Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ, намояндагони як қатор вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ ширкат намуданд.
Дар ҷаласа лоиҳаи дархости Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти маблағгузории Хазинаи глобалӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО ва сил барои солҳои 2027–2029 баррасӣ карда шуд. Қайд гардид, ки бо мақсади таъмини таҳияи босифат, фарогир ва ҳамаҷонибаи дархости кишварӣ дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гурӯҳҳои кории байниидоравӣ аз рӯи самтҳои бемориҳои ВНМО ва сил таъсис дода шуданд. Дар ҷараёни таҳияи дархост як қатор ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ, машваратҳои техникӣ, муҳокимаҳои соҳавӣ ва вохӯриҳо бо шарикони рушд баргузор гардида, лоиҳаи дархост барои дарёфти маблағгузории Хазинаи глобалӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО ва сил барои солҳои 2027–2029 ба маблағи 19, 689, 048 доллари ИМА таҳия гардид, ки аз ин 11,187,425 доллар барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО ва 8,501,623 доллар барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди сил равона гардидааст.
….

…..
Па аз баррасӣ дархост аз ҷониби Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ тасдиқ карда шуда, ба масъулин супориш дода шуд, ки дархостро тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Хазинаи глобалӣ пешниҳод карда шавад.
Ќобили қайд аст, ки тибқи дархости дар боло зикргардида Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун гирандаи асосии гранти Хазинаи глобалӣ барои солҳои 2927-2029 муайян гардидааст.
….

….