Ҷаласаи якҷояи Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳансозии пешгирӣ ва мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар вилояти Суғд баргузор гардид
04.11.2025
Ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа баргузор гардид
13.02.2026

Ҷаласаи навбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа баргузор гардид

22 декабри соли 2025 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон таҳти раёсати Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи навбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид.

Дар  ҷаласаи мазкур аъзои Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ, намояндагони як қатор вазорату идораҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат намуданд.

Дар ҷаласа ҳисоботҳои муассисаҳои давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷараёни татбики Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷараёни татбиқи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва ҳисоботи Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон “Оид ба ҷараёни амалишавии гранти Хазинаи глобалӣ дар самти мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ ва сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026” шунида шуда, баррасӣ гардиданд.

Инчунин, дар ҷаласаи мазкур масъалаи ворид намудани тартиботи (механизми) ҳамкорӣ ва ҳисоботдиҳии бисёрсоҳавӣ барои хотимаи сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва лоиҳаҳои нақшаи кори Кумитаи миллии ҳамоњангсозӣ барои соли 2026 ва нақшаи кори Комиссияи назорати назди Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ барои соли 2026 баррасӣ гардиданд.

Аз натиҷаи муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.