Ташрифи миссияи Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
25.02.2023
Вохўрии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Сатториён Матлубахон Амонзода бо миссияи Хазинаи Глобалӣ
01.03.2023

Муколамаи кишварӣ оид ба таҳияи лоиҳаи дархост ҷиҳати дарёфти маблағгузории Хазинаи глобалӣ

Имрӯз, 27 феврали соли 2023 муколамаи кишварӣ оид ба таҳияи лоиҳаи дархости нави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти гранти нави Хазинаи глобалӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ ва бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 баргузор гардид.

Мулоқот дар дафтари марказии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои миссияи Хазинаи глобалии мубориза бар зидди  БПНМ, сил ва вараҷа, аъзои гурӯҳҳои корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи дархости нави кишвар барои дарёфти гранти Хазинаи глобалї дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ ва сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026, мушовирон ва дигар шахсони даъватшуда иштирок намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ лоиҳаи пешниҳоди кишварӣ, ки аз ҷониби гурўҳҳои кории ҷумҳуриявӣ бо иштироки мушовирон таҳия шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷаи он ҷиҳати такмили он тавсияҳо дода шуданд.