Ҳайати кормандони Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа ташрифи кории навбатии худро ба Тоҷикистон анҷом дод
04.12.2024Ташрифи ҳайати кормандони Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа ба Тоҷикистон
10.03.2025
6 декабри соли 2024 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҷаласаи якҷояи Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ), сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳансозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзоёни Шӯрои ҳамоҳансозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа, кормандони Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони даъватшуда иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа ҳисоботҳои сохторҳои дахлдори вилояти Суғд оид ба рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳо дар вилояти Суғд, аз ҷумла “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, инчунин фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирӣ, хурўҷ ва аз нав барангезиши интиқоли бемории вараҷа дар вилояти Суғд ва дигар масъалаҳои дахлдор баррасӣ гардиданд.
Аз натиҷаи баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.