Вохӯрии кормандони Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушовирон
20.01.2023
Баррасии миёнамӯҳлати Барномаи миллии мубориза бар зидди эпидемияи ВНМО ва БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
23.01.2023

Ҷаласаи гурӯҳи кории техникӣ оид ба таҳияи лоиҳаи дархост ҷиҳати дарёфти гранти нави Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО ва сил

Имрӯз 23 январи соли 2023 дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи корӣ (ГК) оид ба таҳияи дархост ҷиҳати дарёфти гранти Хазинаи Глобалӣ, ки бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО/БПНМ ва сил барои давраи солҳои 2024-2026  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст, баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои гурӯҳи корӣ аз ҳайати Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ, мушовирон ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доштанд.

Дар ҷаласа афзалиятҳо ва нишондиҳандаҳои миллӣ оид ба ВНМО, чорабиниҳои ба нақша гирифташуда дар доираи ҷузъи «Системаҳои устувор ва дарозмуддати тандурустӣ», арзёбии хароҷот ва таҳлили норасоии захираҳои молиявии кишвар, ки ба дархости кишварӣ ҷиҳати дарёфти  гранти Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ, сил ва вараҷа ворид карда мешаванд, пешниҳод ва баррасӣ шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки дар асоси натиҷаҳои муҳокимаи гуруҳҳои корӣ ва муколамаи кишварӣ ба қисмҳои дахлдори дархост тағйироти дархлдор ворид карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки моҳи марти соли ҷорӣ ба Хазинаи глобалӣ дархост пешниҳод намояд.