Ҷаласаи якҷояи Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳансозии пешгирӣ ва мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар вилояти Суғд баргузор гардид
06.12.2024
Ҷаласаи навбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа баргузор гардид
10.06.2025

Ташрифи ҳайати кормандони Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа ба Тоҷикистон

Ҳайати кормандони Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа аз 3-ум то 7-уми марти соли 2025 ташрифи кориро ба Тоҷикистон анҷом дод. Ҳайати Хазинаи глобалиро ҷаноби Давран Файзан, менеҷери портфолиои фонд ва хонума Вера Профазӣ, муттахассиси барномавӣ намояндагӣ намуданд.

Мақсади ташриф аз муҳокима намудани ҷараёни амалишавии гранти Хазинаи глобалӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО/БПНМ ва сил барои солҳои 2024-2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд.  

Дар ҷараёни сафар намояндагони Хазинаи глобалӣ бо роҳбарият ва кормандони дахлдори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ вохӯриҳо доир намуданд, ки дар ҷараёни он ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба амалишавии  гранти Хазинаи глобалиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор доданд.