Ташрифи ҳайати кормандони Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа ба Тоҷикистон
10.03.2025
Ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи “Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030”
09.07.2025

Ҷаласаи навбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа баргузор гардид

10 июни соли 2024

Имруз дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон таҳти раёсати Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи навбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар  ҷаласаи мазкур Зулфия Давлатзода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагони як қатор вазорату идора ва кумитаҳо ва роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ ва намояндагон созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ ширкат намуданд.

Дар ҷаласа ҳисоботи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Шабакаи Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО» дар бораи ҷараёни татбиқи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ҳисоботи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт» оид ба ҷараёни татбиқи Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 шунида шуда, баррасӣ гардиданд.

Инчунин, дар ҷаласаи мазкур ҳалли дигар масъалаҳои бамиёномада дар самти татбиқи гранти Хазинаи глобалӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО ва сил баррасӣ гардиданд,

Ҳамчунин, дар ҷаласа маълумоти  Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар бораи аз ҷониби Хизинаи глобалӣ ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо вобаста ба маблағгузории грант дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ ва сил дар солҳои 2025-2026 дар Тоҷикистон шунида шуд.

 Аз натиҷаи муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.