Ҷаласаи навбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа баргузор гардид
22.11.2024
Ҷаласаи якҷояи Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳансозии пешгирӣ ва мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар вилояти Суғд баргузор гардид
06.12.2024

Ҳайати кормандони Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа ташрифи кории навбатии худро ба Тоҷикистон анҷом дод

Аз 30 ноябр то 4 декабри соли 2024 ҳайати кормандони Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа ташрифи кории навбатии худро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дод.

Ҳайати Хазинаи глобалиро ҷаноби Давран Файзан, менеҷери портфолиои фонд, хонума Наталя Маник, мутахассис оид ба рушди устувор, гузариш ва маблағгузории муштарак ва  хонума Нино Мдивани, мутахассис оид ба тандурустии ҷамъиятӣ, мониторинг ва арзёбӣ намояндагӣ намуданд.

Дар ҷараёни сафар намояндагони Хазинаи глобалӣ бо Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонума Дилрабо Мансурӣ, роҳбарият ва кормандони дахлдори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ вохӯрӣ намуданд.

Зимни вохӯриҳо ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба амалишавии  грантҳои Хазинаи глобалиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор доданд.