Вохӯрии ҳайати кормандони Хазинаи глобалӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
02.05.2024

Вохӯрии Раиси Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ Дилрабо Мансурӣ бо ҳайати кормандони Хазинаи глобалӣ

Имрўз дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо ҳайати кормандони Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа баргузор гардид.

Ҳайати кормандони Хазинаи глобалиро дар ин вохӯрӣ Давран Файзан, менеҷер портфолио, Наталя Маник, мутахассис оид ба рушди устувор, давраи гузариш ва маблағгузории муштарак ва Нино Мдивани, мутахассис оид ба солимии ҷамъият, мониторинг ва арзёбӣ намояндагӣ намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои амалишавии гранти Хазинаи глобалӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масуният ва бемории сил барои солҳои 2024-2026 дар Тоҷикистон, вазифањои банақшагирифташуда ва ҳалли камбудиҳои дар раванди амалишавии грантҳои Хазинаи глобалӣ ҷойдошта баррасӣ гардиданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҳайати кормандони Хазинаи глобалӣ аз раванди ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноъатмандӣ намуда, тақвият додани ҳамкориҳои минбаъдаро иброз намуданд.