Номаи Хазинаи Глобалӣ дар бораи ҷудо намудани маблағ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО ва сил барои давраи ҷудокунии маблағ – солҳои 2023-2025
16.12.2022
Вохӯрии кормандони Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушовирон
20.01.2023

Вохӯрии шарикони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷомеаҳо, сохторҳои давлатӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар доираи Муколамаи миллӣ оид ба омода намудани дархости кишварии нав оид ба дарёфти маблағгузории Хазинаи глобалӣ

Имрӯз, 19 декабри соли 2023 дар меҳмонхонаи «Хилтон»-и шаҳри Душанбе дар доираи Муколамаи миллӣ ҷиҳати омодагӣ ба таҳияи дархости нави кишвар барои дарёфти маблағгузорӣ аз Хазинаи глобалӣ дар самти бемориҳои ВНМО/БПНМ ва сил барои солҳои 2024-2026 вохӯрии шарикони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷомеаҳо, сохторҳои давлатӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ доир гардид.

Чорабинии мазкур дар доираи Лоиҳаи «Устувории хизматрасониҳо барои аҳолии асосии Минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ” (SOS_project 2.0) дар ҳамкорӣ бо Маркази PAS Молдова ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ҷаласа намояндагони Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои СММ, ки дар соҳаи ВНМО дар Тоҷикистон фаъолият менамоянд, аз ҷумла миссияи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ, инчунин мушовирони байналмилалӣ иштирок намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ намояндагони ташкилотҳое, ки бо гурӯҳҳои калидии ҷомеа кор мекунанд, натиҷаҳои тадқиқотро (гурӯҳҳои фокусӣ), ки аз ҷониби мушовирон Челан Кристина ва Саранг Аня оид ба ташаккули афзалиятҳои маблағгузории ҷомеаҳо барои дохил намудан ба дархости нави кишвар ба Хазинаи глобалӣ гузаронида шуда буд, баррасӣ намуда, шарҳу тавсияҳои худро пешниҳод намуданд.

Протоколи вохури.