Муколамаи кишварӣ оид ба таҳияи лоиҳаи дархост ҷиҳати дарёфти маблағгузории Хазинаи глобалӣ
27.02.2023
Ҷаласаи ниҳоӣ (дебрифинг) оид ба натиҷаҳои кори миссияи Хазинаи глобалӣ дар Тоҷикистон
03.03.2023

Вохўрии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Сатториён Матлубахон Амонзода бо миссияи Хазинаи Глобалӣ

Имрӯз, 1 март, 2023 вохўрии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Сатториён Матлубахон Амонзода бо миссияи Хазинаи Глобалӣ баргузор гардид.

Мисиияи Хазинаи глобалиро шахсони зерин намояндагӣ намуданд: ҷаноби Давран Файзан, менеҷер портфолиои Тоҷикистон, ҷаноби Шепард Муфудзи Мачекера, мутахассиси соҳаи тандурустӣ, мониторинг ва арзёбӣ ва хонум Наталя Маник, мутахассис оид ба устуворӣ ва маблағгузории муштарак.


Дар ҷаласа ҳамчунин намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.


Зимни вохӯрӣ рафти татбиқи гранти Хазинаи глобалӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ ва бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023, инчунин масъалаҳои таҳия ва пешниҳоди дархости кишвар ба Хазинаи глобалӣ ҷиҳати дарёфти гранти нави Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ ва сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 муҳокима гардиданд.