Тибқи банди 4.1 протоколи ҷаласаи Кумитаи

миллии ҳамоҳангсози мубориза бар зидди  БПНМ,

сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри

 соли 2023, № 4/25-36 тасдиқ шудааст

 

  

Низомномаи

гурӯҳҳои кории техникии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии

мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил

ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

I. Муқаррароти умумӣ

  1. Низомномаи мазкур дар бораи гурўҳҳои кории техникӣ (минбаъд – ГКТ) дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015, № 127 «Дар бораи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (минбаъд – КҲМ) таҳия гардида, ҳуқуқ, тартиби ташкил ва фаъолияти ГКТ-ро муайян мекунад.

  2. Дар назди КҲМ ГКТ зерин таъсис дода мешавад:

    • ГКТ оид ба назорати ВНМО/БПНМ;

    • ГКТ оид ба назорати бемории сил;

    • ГКТ оид ба мониторинг ва арзёбӣ дар соҳаи пешгирии ВНМО/БПНМ, сил ва вараҷа.

  1. Дар ҳолати зарурӣ вобаста ба вазифаҳои гузошташуда дар назди ГКТ метавонад зергурӯҳҳо таъсис дода шаванд (оид ба таҳлили вазъи эпидемиологӣ, гузаронидани тадқиқот, пешбурди ҳисоботи оморӣ, гузаронидани мониторинг аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ВНМО/БПНМ, бемории сил ва вараҷа ва ғайра).

  2. ГКТ гурўҳҳои машваратии КМҲ буда, дар фаъолияти худ қонунҳои амалкунанда, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ, сил ва вараҷа, Низомномаи КМҲ, қарорҳои КМҲ ва низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегиранд.

  3. Ҳайати ГКТ аз ҳисоби намояндагони ташкилотҳои давлатӣ, байналмилалӣ, донорӣ ва ҷамъиятие, ки дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ, сил ва вараҷа фаъолият мекунанд, инчунин коршиносони хориҷӣ ва маҳаллӣ аз рўи таҷрибаи касбӣ ва донишашон ташкил карда шуда, аз ҷониби КМҲ ба мӯҳлати се сол тасдиқ карда мешавад.

  4. Дар сурати аз вазифа озод гардидани аъзои ГКТ, ваколатҳои ӯ ба корманди навтаъиншудаи ташкилот, ки ташкилотро дар ГКТ намояндагӣ мекунад, бе тасдиқи КМҲ мегузаранд. Агар бо сабабҳои узрнок иштироки аъзои ГКТ дар ҷаласаи ГКТ имконнопазир бошад, ӯро метавонад корманди дигар по пешниҳоди ташкилоте, ки дар ГКТ намояндагӣ мекунад, иваз намояд.

  5. Ҳар як ташкилот метавонад аз ҳайати ГКТ ихтиёран ё дар сурати бе сабабҳои узрнок дар ду ва ё зиёда ҷаласаҳои пайдарпайи ГКТ иштирок накардани намояндаи он хориҷ карда шавад. Қарор дар бораи хориҷ кардан аз ҷониби роҳбарони ГКТ қабул карда мешавад.

II. Мақсад ва вазифаҳо 

  1. Ҳадафҳои ГКТ аз расонидани кӯмаки машваратию методӣ ва дастгирии техникӣ ба КҲМ дар гузаронидани таҳлилҳо, мониторинг ва арзёбии вазъият, таҳияи стратегияи мудохилаҳои табобатӣ ва пешгирикунанда дар соҳаҳои дахлдор, таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили сиёсат ва қонунгузории миллӣ ва омода кардани дархостҳои кишвар мебошанд.

  2. Барои ноил шудан ба мақсадҳои пешниҳодшуда ГКТ:

    • тадбирҳои пешгирикунандаро, ки ба паст кардани афзоиши эпидемияи ВНМО/БПНМ, сил ва вараҷа дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, таҳия менамоянд;

    • ба шахсони манфиатдор кӯмаки ташкилӣ ва машваратию методӣ мерасонад;

    • дар таҳия ва татбиқи барномаҳои миллӣ ва минтақавӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ, сил ва вараҷа иштирок менамоянд;

    • баҳодиҳии самаранокии ҳамкориҳои ташкилотҳои давлатӣ, байналмилалӣ ва ҷамъиятиро дар татбиқи барномаҳои миллӣ ва нақшаҳои стратегӣ анҷом медиҳанд;

    • дар асоси вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда барои зергурӯҳҳои худ вазифаҳои техникӣ тартиб медиханд;

    • дар гузаронидани мониторинг ва арзёбии вазъият дар соҳаи ВНМО/БПНМ, сил ва вараҷа мусоидат менамоянд;

    • ба баррасии КМҲ ҳисоботҳо, хулосаҳо ва тавсияҳо пешниҳод менамояд.

 III. Ҳуқуқҳои ГКТ

  1. ГКТ ҳуқуқ доранд:

    • аз ташкилотҳои ҳукуматӣ, байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ маълумотҳоро оид ба фаъолияти онҳо дар самти мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ, сил ва вараҷа дархост намояд;

    • дар мавзўи татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои дахлдор мизҳои мудаввар, семинару машваратҳо ташкил намояд;

    • вобаста ба такмили нақшаву барномаҳо дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ, сил ва вараҷа ба КМҲ пешниҳодҳо манзур намояд;

    • мутахасисони дигар ташкилотҳо ва коршиносони техникиро ба кори ГКТ ҷалб намояд;

    • дар таҳияи лоиҳаи дархостҳо оид ба бемориҳои соҳавӣ иштирок намояд.

 IV. Тартиби фаъолияти ГКТ

  1. Фаъолияти ГКТ тибқи нақшаи кории солона, ки аз ҷониби роҳбар ва аъзои ГКТ тартиб дода шуда, аз ҷониби Котиби КМҲ тасдиқ карда мешавад, ба роҳ монда мешавад. Нақшаи кории ГКТ аз ҷониби Котиботи КҲМ ба аъзоёни ГКТ ва шарикон дастрас карда шуда, инчунин дар саҳифаи интернетии КМҲ ҷойгир карда мешавад.

  2. ГКТ дар асоси нақшаҳои кории солона ҷаласаҳои навбатӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ ҷаласаҳои ғайринавбатӣ баргузор менамояд.

  3. Ҷаласаҳои навбатии КМҲ на камтар аз ду маротиба дар як сол гузаронида мешаванд. Ҷаласаҳои ғайринавбатӣ бо дархости роҳбари гурӯҳ ё се аъзои ГКТ бо роҳи огоҳ намудани роҳбари ГКТ на камтар аз 3 рӯз пеш аз баргузории ҷаласа ташкил карда мешаванд.

  4. Ҷаласаҳои ГКТ ошкоро гузаронида шуда, дар онҳо ҳама аъзои ГКТ, маърӯзачиён (онҳо метавонанд шахсоне бошанд, ки аъзои ГКТ набошанд) ва дигар шахсони даъватшуда иштирок менамоянд.

  5. Ҷаласаҳои ГКТ тавассути протоколҳо, ки аз ҷониби роҳбар ва котиби КМҲ ба имзо расонида мешавад, ҳуҷҷатгузорӣ карда шуда, пас аз он ба ҳамаи шарикон дастрас гардида, дар саҳифаи интернетии КМҲ ҷойгир карда мешаванд.

  6. ГКТ ду намуд ҷаласа баргузор менамоянд:

ҷаласаҳои расмӣ:  ҳузури роҳбари гурўҳи кории техникӣ ва ҳамаи аъзои он, аз ҷумла коршиносони берунаи техникӣ зарур аст;

ҷаласаҳои корӣ: гурӯҳҳои кории техникӣ вобаста ба вазифаҳои гузошташуда ҷаласаҳоро дар ҳайати нопурра бо ҷалби мутахассисони техникӣ ё бидуни ҷалби мутахассисон ташкил менамоянд. Яке аз аъзои гурўҳи кории техникӣ барои гузаронидани чунин ҷаласа масъул таъин карда мешавад. Огоҳинома дар бораи гузаронидани ҷаласаи корӣ на дертар аз 3 рӯзи тақвимӣ то санаи баргузории ҷаласа ирсол карда мешавад. Тартиб додани протоколи расмии ҷаласа талаб карда намешавад.

  1. Таклифҳоро оид ба рӯзномаи ҷаласа метавонад ҳар як аъзои ГКТ пешниҳод намояд. Ҳар як таклифи пешниҳодшуда дар ҷаласаи ГКТ баррасӣ карда мешавад. Қарорҳое, ки дар ҷаласаҳои ГКТ қабул карда мешаванд дар сурати мавҷуд будани кворуми зиёда аз нисфи аъзоён ва бо аксарияти овозҳои иштирокчиёни ҳузурдошта қабул карда шудаанд, ќонунї ҳисобида мешаванд.

  2. Ба раисони ГКТ вазифаҳои зерин вогузор мегардад:

    • идоракунии фаъолияти ГКТ;

    • иҷрои вазифаҳои ташкилӣ ва маъмурӣ;

    • ташкил ва омода намудани мавод барои ҷаласаҳои ГКТ;

    • аз номи ГКТ ба имзо расонидани протоколҳои ҷаласаҳои ГКТ ва ҳуҷҷатҳои содиротӣ;

    • намояндагӣ намудани ГКТ дар КМҲ, ташкилотҳои давлатӣ, байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ;

    • даъват ва гузаронидани ҷаласаҳои (навбатӣ ва ғайринавбатӣ) ГКТ;

    • таъмини шаффофияти қарорҳои қабулкардаи ГКТ ва назорати иҷрои онҳо;

    • ҳалли ҳамаи масъалаҳое, ки ба фаъолияти ГКТ алоқаманданд, ба истиснои масъалаҳое, ки ба салоҳияти ҷаласаи ГКТ дохил намешаванд;

    • пешниҳод намудани маълумот оид ба фаъолияти ГКТ ба Котиботи КМҲ.

  1. Дастгирии техникӣ ва молиявии ГКТ метавонад дар доираи маблағҳое, ​​ки барои ин мақсадҳо дар буҷети давлатӣ пешбинӣ шудаанд, грантҳои аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ва донорҳо ҷудогардида дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ, сил ва вараҷа, инчунин аз дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда шавад.

 

Тибқи банди 4.1 протоколи ҷаласаи Кумитаи

миллии ҳамоҳангсози мубориза бар зидди  БПНМ,

сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри

 соли 2023, № 4/25-36 тасдиқ шудааст

 

Ҳайати

гурӯҳи кории техникӣ оид ба назорати ВНМО/БПНМ
 

  1. Амирзода А.А. – ҷониши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кории техникӣ;

  2. Сафаров С.С. – директори муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини роҳбари гурӯҳи кории техникӣ;

      Аъзоёни гурӯҳ:

  1. Мисоков С. – директори муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи профессор М.Ғ.Ғуломов”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  2. Малахов М. – сармутахасиси наркологияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  3. Асозода М. – сардори раёсати тандурустии Саридораи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  4.  Асоева Б. – сардори раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  5. Ҳамидова А. – роҳбари дафтари кишварии Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ (ЮНЭЙДС) дар Тоҷикистон;

  6. Абидҷонова Н. – роҳбари дафтари ICAP дар Тоҷикистон;

  7. Азизуллоева М. – мутахассис оид ба масъалаҳои тандурустии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон;

  8. Сона Орбелян – роҳбари барномаҳо оид ба назорати бемориҳои ВНМО/БПНМ ва сили Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон;

  9. Набиҷонов А. – мушовир оид ба масъалаҳои нигоҳубин ва табобати ВНМО-и Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои назди Ҳукумати Иттиҳоди Муттаҳидаи Амрико (CDC);

  10. Ҷамолов П. – директори ташкилоти ҷамъиятии “СПИН Плюс”;

  11. Камилова С. – директори  ташкилоти ҷамъиятии «Гули сурх»;

  12. Гулова Ф. – директори ташкилоти ҷамъиятии «Имкониятҳои баробар»;

  13. Ҳайдарова Т. – директори ташкилоти ҷамъиятии «Шабакаи Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО»;

  14. Холов С. – мутахасис оид ба идоракунии лоиҳаҳои тандурустии ЮСАИД.

 

Ҳайати
гурӯҳи кории техникӣ оид ба назорати бемории сил

  1. Абдуллозода Ҷ.А. – вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кории техникӣ;

  2. Нуров Р. – директори муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини роҳбари гурӯҳи кории техникӣ;                                                                                                                                                                                                                                                 Аъзоёни гурӯҳ:

  3. Ҷафаров Н.Ҷ. – сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда  ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  4. Абдураҳимов А. – директори муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  5. Асозода М. – сардори раёсати тандурустии Саридораи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  6. Қурбонова Р. – ҳамоҳангсози барномаҳои тандурустии муҳоҷирони дафтари Ташкилоти байналмилалӣ оид ба муҳоҷират дар Тоҷикистон;

  7. Сафаров А. – корманди дафтари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон;

  8. Шабанова М. – мутахасис оид ба идоракунии лоиҳаҳо дар соҳаи сили ЮСАИД дар Тоҷикистон;

  9. Орбелян С. – роҳбари барномаҳо оид ба назорати бемориҳои ВНМО/БПНМ ва сили Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон;

  10. Мирова Д. – муовини котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон;

  11. Наимов С. – директори иҷроияи Ассотсиатсиаи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон»;

  12. Саидова Н. – директори ташкилоти ҷамъиятии “Гендер ва тараққиёт»;

  13. Ибрагимов И. – директори ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “АФИФ».

 

Ҳайати

гурӯҳи кории техникӣ оид ба масъалаҳои мониторинг ва арзёбӣ

дар соҳаи пешгирии ВНМО/БПНМ, сил ва вараҷа

 

  1. Амирзода А.А. – ҷониши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кории техникӣ;

  2. Ҷафаров Н.Ҷ. – сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда  ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини роҳбари гурӯҳи кории техникӣ;                                                                                                                                                                                                                                        Аъзоёни гурӯҳ:   

  3. Нуров Р.М. – директори муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  4. Сафаров С.С. – директори муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  5. Зоиров С. – директори муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  6. Файзуллозода Ф. – сардори раёсати рушди соҳаи иҷтимоии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  7. Ҳамидова А. – роҳбари дафтари кишварии Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ (ЮНЭЙДС) дар Тоҷикистон;

  8. Орипова С. – роҳбари лоиҳаҳои ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “АФИФ»;

  9. Ҷамолов П. – директори ташкилоти ҷамъиятии «СПИН Плюс»;

  10. Гулова Ф. – директори ташкилоти ҷамъиятии «Имкониятҳои баробар»;

  11. Ҳайдарова Т – директори ташкилоти ҷамъиятии «Шабакаи Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО»;

  12. Файзов Н. — директори ташкилоти ҷамъиятии «Свон Плюс»;

  13. Саидова Н. – директори ташкилоти ҷамъиятии “Гендер и тараққиёт».