Ҷаласаи якҷояи Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзоёни Шӯрои ҳамоҳансозии пешгирӣ ва мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
29.08.2025
Ҷаласаи якҷояи Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳансозии пешгирӣ ва мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар вилояти Суғд баргузор гардид
04.11.2025

Ташрифи ҳайати намояндагони Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа ба Тоҷикистон

Ҳайати намояндагони Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа аз 17 то 19 сентябри соли 2025 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд.

Ҳайати Хазинаи глобалиро доктор Думитру Латичевски, менеҷери минтақавӣ, ҷаноби Давран Файзан, менеҷер портфолио ва Олга Авдеева, менеҷер портфолио (ба иҷрои ин вазифа аз 1 январи соли 2026 шуруъ мекунад) намояндагӣ намуданд.

Зимни сафар намояндагони Хазинаи Глобалӣ бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Дилрабо Мансурӣ, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Абдуллозода Ҷамолиддин, дигар кормандони сохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ мулоқотҳо доир намуданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи гранти Хазинаи глобалӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ ва бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 баррасӣ гардиданд. Намояндагони Хазинаи глобалӣ аз ҳамкориҳои дуҷонибаи Хазинаи глобалӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳавасмандии худро ба густариши ҳамкориҳо дар ин самт изҳор намуданд.