

Имруз, 22 ноябри соли 2024, дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи навбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзоёни Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа ҳисоботи намояндагони Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои “Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ҳисоботи Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалишавии “Барномаи миллии муқовимат бар зидди эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва ҳисоботи Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷараёни иҷрои гранти Хазинаи глобалӣ барои мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ ва сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 шунида шуд.
Инчунин, дар ҷаласаи мазкур нақшаҳои кории Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ ва Кумитаи назорати назди Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ барои соли 2025 баррасӣ ва тасдиқ гардиданд.
Аз натиҷаи муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.