Ҷаласаи навбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа аз 13 июни соли 2024
13.06.2024

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

20 августи соли 2024 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бар зидди СПИД, сил ва вараҷа дар ВМКБ баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бар зидди СПИД, сил ва вараҷаи ВМКБ, котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доштанд.
Дар ҷаласа ҳисоботи сохторҳои дахлдори ВМКБ оид ба рафти татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои миллӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО/БПНМ, сил ва вараҷа дар ВМКБ шунида шуд. Дар рафти ҷаласа ҳамчунин аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба рафти таҳияи лоиҳаи харитаи роҳ дар кишвар ҷиҳати таъмини устувории вокуниши миллӣ ба ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 маълумот дода шуд.
Аз рӯи натиҷаҳои баррасии масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.