Партнеры

Имрўз, 2 майи соли 2024 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо ҳайати кормандони Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар  зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур инчунин муовини вазир, сардорони як қатор раёсату шӯъбаҳо ва дигар масъулини вазорат ва котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ  иштирок доштанд.

Ҳайати кормандони Хазинаи глобалиро дар ин вохӯрӣ Давран Файзан, менеҷер портфолио, Наталя Маник, мутахассис оид ба рушди устувор, давраи гузариш ва маблағгузории муштарак, Нино Мдивани, мутахассис оид ба солимии ҷамъият, мониторинг ва арзёбӣ ва Вера Профази, мутахассиси барномавӣ намояндагӣ намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои амалишавии гранти Хазинаи глобалӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масуният ва бемории сил барои солҳои 2024-2026 дар Тоҷикистон, таъсис додани Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи Хазинаи глобалӣ дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли камбудиҳои дар раванди амалишавии грантҳои Хазинаи глобалӣ ҷойдошта баррасӣ гардиданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҳайати кормандони Хазинаи глобалӣ аз раванди ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноъатмандӣ намуда, тақвият додани ҳамкориҳои минбаъдаро иброз намуданд.