Вохӯрии кории сайёри зергирандагони гранти Хазинаи глобалӣ
13.11.2026

Ташрифи ҳайати намояндагони Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа ба Тоҷикистон

Рӯзи 16 ноябри соли 2026 ҳайати намояндагони Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа сафари кории худро ба Тоҷикистон оғоз намуд.

Ҳайати кормандони Хазинаи глобалиро менеҷер портфолиои фондҳо, хонума Олга Авдеева ва дигар кормандони Хазинаи глобалӣ намояндагӣ менамоянд.

Дар ҷараёни сафар намояндагони Хазинаи глобалӣ бо роҳбарият ва кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Тоҷикистон ва дигар шарикон мулоқот намуданд.

Зимни муҳокимаҳо масъалаҳои татбиқ ва ҷамъбасти гранти амалкунандаи Хазинаи глобалӣ барои солҳои 2024–2026, инчунин гузариши вазифаи гирандаи асосии грантҳо аз БРСММ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи 8-уми грантӣ (солҳои 2027–2029) баррасӣ гардиданд.

Намояндагони Хазинаи глобалӣ аз ҳамкориҳо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳавасмандии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо баён намуданд.

Интизор меравад, ки ҳайати намояндагони Хазинаи глобалӣ кори худро рӯзи 20 ноябри соли 2026 ба анҷом мерасонад.