Оғози раванди таҳияи дархости кишвар барои дарёфти маблағгузорӣ аз Хазинаи глобалӣ дар самти мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО ва сил барои солҳои 2027-2029
24.02.2026
Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба омодасозии дархости кишвар дар самти бемории сил ба Хазинаи глобалӣ барои давраи солҳои 2027-2029
03.04.2026

Муколамаи кишварӣ оид ба омодасозии дархости кишварӣ ба Хазинаи глобалӣ ҷиҳати дарёфт намудани грант барои мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ ва сил барои солҳои 2027-2029

Имрӯз, 4 марти соли 2026, дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси гурӯҳҳои корӣ оид ба омодасозии дархости кишварӣ ба Хазинаи глобалӣ ҷиҳати дарёфт намудани грант барои мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ ва сил барои солҳои 2027-2029, муҳтарам Амирзода А.А. ҷаласаи нахустини муштараки гурӯҳҳои кории дар боло зикршуда, баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ аъзои гурӯҳҳои корӣ оид ба омодасозии дархости кишвар дар самти бемориҳои ВНМО ва сил ба Хазинаи глобалӣ, инчунин тариқи маҷозӣ намояндагони Хазинаи глобалӣ, аз ҷумла менеҷер портфолио, хонум Олга Авдеева ва мушовирони байналмилалӣ Михаил Волик, Татяна Дешко, Катерина Бойко ва Ораш Алой, иштирок карданд.

Дар рафти ҷаласа, иштирокчиён масъалаҳои марбут ба омодасозии дархости кишварӣ ба Хазинаи глобалиро баррасӣ карда, андешаҳои худро баён намуда, пешниҳодҳои худро дар бораи афзалиятҳо барои дохил кардан ба дархости нави кишварӣ ва мӯҳлати омодасозӣ ва пешниҳоди дархост ба Хазинаи глобалиро манзур намуданд.