Муколамаи кишварӣ оид ба омодасозии дархости кишварӣ ба Хазинаи глобалӣ ҷиҳати дарёфт намудани грант барои мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ ва сил барои солҳои 2027-2029
04.03.2026
Ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи дархости кишвар дар самти ВНМО ба Хазинаи глобалӣ барои солҳои 2027-2029
07.05.2026

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба омодасозии дархости кишвар дар самти бемории сил ба Хазинаи глобалӣ барои давраи солҳои 2027-2029

3 апрели соли 2026 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи дархости кишвар дар самти бемории ба Хазинаи глобалӣ барои дарёфти гранти Хазинаи глобалӣ барои давраи солҳои 2027-2029 баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи ҷузъи сил дар пешниҳоди кишвар ба Фонди глобалӣ ва мушовирони беруна иштирок карданд.

Дар рафти ҷаласа, иштирокчиён масъалаҳои марбут ба таҳияи дархости кишвар дар самти бемории ба Хазинаи глобалиро муҳокима намуда, андешаҳои худро баён намуда, пешниҳодҳои худро барои дохил кардан ба дархост, инчунин мӯҳлати омодасозӣ ва пешниҳоди дархост ба Хазинаи глобалиро манзур намуданд.

Қайд карда шуд, ки дархости кишвар дар самти бемории сил ба Хазинаи глобалӣ дар ояндаи наздик ба анҷом расида, пешниҳод карда мешавад.