

6 августи соли 2025, дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Котиби масъули Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Авғонов Зиёвуддин вохӯрии кормандони Гурӯҳи татбиқкунандаи лоиҳаи назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зергирандагони гранти Хазинаи глобалӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО ва сил баргузор гардид.
…….

………….
Дар вохӯрӣ кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон ва дигар зергирандагони гранти Хазинаи глобалӣ иштирок намуданд.
…………….

……………
Дар рафти вохӯрӣ мақсад, вазифаҳо ва ҳайати кормандони Гурӯҳи татбиқкунандаи лоиҳа ба иштирокчиёни вохӯрӣ шинос карда шуда, ахбороти намояндагони гирандаи асосӣ ва дигар зергирандагони гранти Хазинаи глобалӣ оид ба амалишавии гранти Хазинаи глобалӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО ва сил шунида шуд.
………….

………….