Ҷаласаи навбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа баргузор гардид
10.06.2025
Вохӯрии Гурӯҳи татбиқкунандаи лоиҳа бо зергирандагони гранти Хазинаи глобалӣ
06.08.2025

Ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи “Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030”

Имруз, 9 июли соли 2025 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Гурӯҳи корӣ, Амирзода Абдухолиқ Амир ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи “Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030” баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзоёни Гурӯҳи корӣ, дигар кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони созмонҳои баналмилалӣ ва ғайридавлатӣ иштирок намуданд.

Дар рафти ҷаласа қайд гардид, ки аз ҷониби Гурўҳи корӣ лоиҳаи “Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030” таҳия гардида, муҳтавои он ба ҳозирин пешкаш карда шуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки лоиҳаи Барнома бо назардошти вазъи кунунии эпидемиологии бемории сил дар Тоҷикистон ва тавсияҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ таҳия гардидааст. Таъқид гардид, ки лоиҳаи Барнома ба паст кардани сатҳи бемории сил ва фавт аз бемории сил дар Тоҷикистон тавассути чорӣ намудани механизмҳои нави ташхис ва табобати бемории сил бо истифода аз таҷҳозотҳои муосири рақамӣ равона гардидааст.

Зимни муҳокимаи лоиҳаи Барнома аз ҷониби иштирокчиён пешниҳод гардид, ки бо назардошти коҳиш ёфтани кӯмаки берунаи донорӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сил сатҳи маблағгузории чорабиниҳои лоиҳаи Барнома аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёд карда шуда, нишондиҳандаҳои ноил шудан ба ҳадафҳои Барнома боздид карда шаванд.