20 марти соли 2023 Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хазинаи глобалии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа маҷмӯи пурраи дархости кишварро ҷиҳати дарёфти маблағгузорӣ барои гранти навбатӣ дар самти мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО ва сил барои давраи солҳои 2024 -2026 ба маблағи умумии 25,964,147 доллари ИМА пешниҳод намуд.
Айни замон дархости кишвар дар баррасии Хазинаи глобалӣ қарор дорад.