Ҷаласаи якҷояи Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзоёни Шӯрои ҳамоҳансозии пешгирӣ ва мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
07.06.2024
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
20.08.2024

Ҷаласаи навбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа аз 13 июни соли 2024

Имруз, дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи навбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзоёни Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа ҳисоботи намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаи давлатии “”Маркази ҷумҳуриявии илмии хун”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои “Барномаи миллии муқовимат бар зидди эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» шунида шуд.

Инчунин, дар ҷаласаи мазкур ҳалли дигар масъалаҳои бамиёномада дар самти татбиқи гранти Хазинаи глобалӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО ва сил баррасӣ гардиданд,

 Аз натиҷаи муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.