Вохӯрии Раиси Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ Дилрабо Мансурӣ бо ҳайати кормандони Хазинаи глобалӣ
02.05.2024
Ҷаласаи навбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа аз 13 июни соли 2024
13.06.2024

Ҷаласаи якҷояи Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзоёни Шӯрои ҳамоҳансозии пешгирӣ ва мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

7 июни соли 2024 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҷаласаи якчояи Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ), сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳансозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳансозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа ва кормандони Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар шахсони даъватшуда низ иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа ҳисоботҳои сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон оид ба рафти иҷрои “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии  масунияти  одам  ва  бемории  пайдошудаи  норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, инчунин амалишавии гранти Хазинаи глобалӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО ва сил ва дигар масъалаҳои дахлдор баррасӣ гардида, аз натиҷаи баррасии онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.