Эълон дар бораи оғози раванди интихоботи аъзои КМҲ аз ҷомеаи шаҳрвандӣ барои солҳои 2023-2026
13.05.2023
Ҷаласаи навбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа баргузор гардид
23.06.2023

Тоҷикистон давлати аз вараҷа озод эълон шуд

Имрӯз, 19 майи соли 2023 дар дафтари марказии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар шаҳри Женеваи кишвари Швейтсария дар доираи иштирок дар арафаи ҷашни 75 солагии ин Созмони бонуфӯз ва ҷаласаи 76-уми Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо дабири кулли Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адҳоном Геберейесус вохӯрӣ намуд.

Бояд гуфт, ки дар таърихи 31 соли соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистон ин бори нахуст вохӯрии роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари ин ташкилоти бонуфуз ба шумор меравад.

Зимни вохурӣ ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон дар идомаи вохӯрӣ дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби дабири кулли ТУТ ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз байн бурдани бемории вараҷа дар қаламрави Тоҷикистон сертификати “Кишвари аз вараҷа озод” тақдим карда шуд.