Пешниҳоди дархости кишвар ба Хазинаи глобалӣ ҷиҳати дарёфти маблаггузории иловагӣ дар самти пешгирии коронавирус КОВИД-19
12.05.2023
Тоҷикистон давлати аз вараҷа озод эълон шуд
19.05.2023

Эълон дар бораи оғози раванди интихоботи аъзои КМҲ аз ҷомеаи шаҳрвандӣ барои солҳои 2023-2026

Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМҲ) аз оғози раванди интихоботи аъзои КМҲ аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои солҳои 2023-2026 эълон менамояд.

Интихоботи аъзои КМҲ тибқи Низомномаи КМҲ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015, № 127 тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад ва ҷараёни гузаронидани интихоботро барои муайян намудани 6 нафар аъзои КМҲ аз ҷомеаҳои гуруҳҳои калидии аҳолӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии зерин пешбинӣ менамояд:

1. Ҷомеаи шахсоне, ки маводи мухаддирро истифода мебаранд, маҳбусон, беморони барномаҳои табобати ҷойивазкунандаи опиоидӣ /табобати нигоҳдории агонистҳои опиоидӣ (ТҶО/ТНАО);

2. Ҷомеаи занон ва духтарон (дар самти беморҳои ВНМО ва сил);

3. Ҷомеаи шахсони гирифтори ВНМО;

4. Ҷомеаи одамони гирифтори бемории сил (беморон ва хизматрасонӣ);

5. Ҷомеаи ШҲҶ, КШ, ШТГ;

6. Ҷомеаи муҳоҷирон ва ҷавонон (ВНМО ва сил).

Бо мақсади муошират намудан дар дохили ҷомеа ва гузаронидани интихобот аз ҳисоби намояндагони ҷомеаҳои дар боло зикргардида Кумитаи тадорукот дар ҳайати зерин таъсис дода шуд:

1. Эргашев Шуҳратҷон (Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷовидон», ш. Кӯлоб; рақами телефон: 930034030; почтаи электронӣ: npo-jovidon@mail.ru) – намояндаи шахсоне, ки маводи мухаддирро истифода мебаранд, маҳбусон, беморони барномаҳои ТҶО/ТНАО;

2. Шапирова Мино (Ташкилоти ҷамъиятии «Баробарӣ»; рақами телефон: 934395005; почтаи электронӣ: sharifovamino22@gmail.com) – намояндаи ҷомеаи занону духтарон (дар самти беморҳои ВНМО ва сил);

3. Файзов Суҳроб (Ташкилоти ҷамъиятии “СВОН плюс”; ш. Кӯлоб; рақами телефон: 934414270; почтаи электронӣ: svon_pluskulob@rambler.ru) – намояндаи ҷомеаи шахсони гирифтори бемории ВНМО;

4. Каримов Толибҷон (Ассотсиатсияи боздошти сил дар Тоҷикистон»; рақами телефон: 937791120; почтаи электронӣ: karimov.tolib.f@gmail.com) – намояндаи ҷомеаи шахсони гирифтори бемории сил (беморон ва хизматрасонӣ);

5. Меҳроҷ Баротов (Ташкилоти ҷамъиятии “Нигоҳи ҷавонон”; рақами телефон: 988343876; почтаи электронӣ: nigohi.javoni@gmail.com) – намояндаи ҷомеаи ШҲГ, КШ, ШТГ;

6. Рабихов Абдусалом (Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамсол ба Ҳамсол»; рақами телефон: 908282002; почтаи электронӣ: abdusalom.rabikhov@gmail.com) – намояндаи ҷомеаи муҳоҷирон ва ҷавонон (ВНМО ва сил).

Котиботи КМҲ аз намояндагони ҷомеаҳои дар боло зикргардида хоҳиш менамояд, ки раванди интихоботро мувофиқи Нақшаи ба раванди интихобот ҷалб намудани ҷомеаҳои калидии аҳолӣ, ки аз ҷониби намояндагони ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ маъқул дониста шудааст, ташкил намоянд. Матни Нақша дар ин ҷо дастрас намудан мумкин аст: Нақша

Кумитаи тадорукот номзадии довталабон ба аъзогии КМҲ-ро бо роҳи қабули аризаҳо ба кайд мегирад.

Довталабон бояд аризаро ба почтаи электронии аъзои Кумитаи тадорукоти дар боло зикршуда на дертар аз соати 15:00, 1 июни соли 2023 фиристанд. Шакли аризаи номзадро аз ин ҷо дастрас намудан мумкин аст: Шакли ариза

Меъёрҳои номзадӣ ба узвияти КМҲ аз ҷомеаи шаҳрвандӣ инҳо мебошанд:

– фаъолияти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифташударо намояндагӣ кунад;

– дар самти бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа фаъолият кунад ва дар иҷрои эътинои миллӣ вобаста ба бемориҳои мазкур, Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва ташаббуси дигар, ки дар соҳаи тандурустӣ иқдом менамоянд, ҳиссагузор бошад;

– намояндаи ташкилоти ҷамъиятӣ, хусусӣ, гирифторони бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа ва шахсоне, ки бо онҳо муносибати бевосита доранд ва ташкилоти хайрия бошанд;

– дар фаъолияти пешгирифтаи Кумитаи миллӣ иштирок намоянд ва ҳамчунин вобаста ба табодули таҷриба иттилоот намоянд.

Диққат! Аризаҳои номзадҳое, ки дар муҳлати солҳои ҳадди аксари дар банди 15 Низомномаи КМҲ пешбинигардида аъзои КМҲ буданд, барои бақайдгирӣ қабул карда намешаванд.