Ҷаласаи ниҳоӣ (дебрифинг) оид ба натиҷаҳои кори миссияи Хазинаи глобалӣ дар Тоҷикистон
03.03.2023
Пешниҳоди дархости кишвар барои дарёфти маблағгузорӣ ба Хазинаи глобалӣ ҷиҳати гирифтани грант дар самти мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО ва сил барои солҳои 2024-2026
20.03.2023

Ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсози мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Имрӯз, 17 марти соли 2023 таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Сатториен Матлубаҳон ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзоёни Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ ва дигар шахсони даъватшуда иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои тасдиқи дархости кишвар ба Хазинаи глобалии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа ҷиҳати дарёфти грант дар самти мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО ва сил барои солҳои 2024-2026 ва интихоби Гирандаи асосии (татбиқкунанда) гранти нави Хазинаи глобалӣ дар самти бемориҳои ВНМО ва сил барои солҳои 2024-2026 баррасӣ гардид.

Дар ин ҷаласа дархости кишвар барои дарёфти гранти нав барои мубориза бар зидди ВНМО ва сил барои солҳои 2024-2026 аз ҷониби Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ маъқул дониста шуда, Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон ҳамчун Гирандаи асосии гранти нави Хазинаи глобалӣ дар самти мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО ва сил барои солҳои 2024-2026 интихоб гардид.

Дархости кишвар санаи 20 марти соли 2023 барои тасдиқ ба Хазинаи ҷаҳонӣ пешниҳод карда мешавад.

Протоколи ҷаласа.