Вохўрии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Сатториён Матлубахон Амонзода бо миссияи Хазинаи Глобалӣ
01.03.2023
Ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсози мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
17.03.2023

Ҷаласаи ниҳоӣ (дебрифинг) оид ба натиҷаҳои кори миссияи Хазинаи глобалӣ дар Тоҷикистон

Имрӯз, 3 марти соли 2023, дар бинои марказии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаласаи ниҳоӣ (дебрифинг) оид ба натиҷаҳои кори миссияи Хазинаи Глобалӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои гурӯҳҳои корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи дархости кишвар барои гирифтани гранти нави Хазинаи глобалӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бап зидди ВНМО/БПНМ ва сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026, намояндагони созмонҳои байналмилалї ва гайриҳукуматӣ, инчунин мушовирон иштирок намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ аъзоёни миссияи Хазинаи Глобалӣ оид ба корҳои аз 25 феврал то 3 марти соли 2023 анҷомдодаашон иттилоъ дода, инчунин масъалаҳои марбут ба таҳияи лоиҳаи дархости нави кишвар ба Хазинаи Глобалиро муҳокима намуда, фикру мулоҳизахо ва таклифҳои худро барои такмил додани лоиҳаи дархост пешниход намуданд.