Вохӯрии хотимавӣ бо ҳайати ТУТ оид ба пешниҳоди натиҷаҳо ва тавсияҳои арзёбии миёнамӯҳлати Барномаи миллии мубориза бар зидди эпидемияи ВНМО/БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
27.01.2023
Муколамаи кишварӣ оид ба таҳияи лоиҳаи дархост ҷиҳати дарёфти маблағгузории Хазинаи глобалӣ
27.02.2023

Ташрифи миссияи Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имруз, 25 феврали соли 2023 миссияи Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Миссияи Хазинаи Глобалиро шахсони зерин намояндагӣ мекунанд:
• Давран Файзан, менеҷер портфолио;
• Шепард Муфудзи Мачекера, мутахассис оид ба соҳаи тандурустӣ, мониторинг ва арзёбї;
• Ганна Болоховетс, мутахассис оид ба идоракунии маводхои доруворӣ;
• Наталя Маник, мутахассис оид ба устуворӣ ва маблағгузории муштарак;
• Айгул Мурат Кизи, корманди барнома.
Миссияи Хазинаи Глобалӣ аз 25 феврал то 3 марти соли 2023 дар Тоҷикистон сафари корӣ анҷом медиҳад. Мақсади ин сафар иштирок дар муҳокимаҳо оид ба рафти татбиқи гранти ҷорӣ ва омодагӣ ба давраи навбатии дарёфти маблағгузорӣ аз Хазинаи глобалӣ мебошад.
Дар ҷараёни ин сафар анљом додани вохўрии намояндагони Хазинаи глобалӣ бо роҳбарияти Кумитаи миллии ҳамоҳангсози мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Барномаи Рушди СММ, ТУТ, ЮСАИД, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, инчунин бо аъзои гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати омода намудани дархости нави кишвар оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ ва бемории сил барои солҳои 2024-2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.