Ҷаласаи гурӯҳи кории техникӣ оид ба таҳияи дархости кишвар барои гирифтани гранти Хазинаи глобалӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО/БПНМ ва сил
25.01.2023
Ташрифи миссияи Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
25.02.2023

Вохӯрии хотимавӣ бо ҳайати ТУТ оид ба пешниҳоди натиҷаҳо ва тавсияҳои арзёбии миёнамӯҳлати Барномаи миллии мубориза бар зидди эпидемияи ВНМО/БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Имрӯз дар меҳмонхонаи «Сирена»-и шаҳри Душанбе вохурии хотимавӣ бо миссияи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) оид ба пешниҳоди натиҷаҳо ва тавсияҳои арзёбии миёнамӯҳлати Барномаи миллии мубориза бар зидди эпидемияи ВНМО/БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2021- 2025 баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои Кумитаи миллии ҳамоҳангсози мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои СММ, ки дар соҳаи ВНМО дар Тоҷикистон фаъолият менамоянд, аз ҷумла ҳайати намояндагии ТУТ, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ иштирок намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ хулоса ва тавсияҳои пешакии миссияи ТУТ иборат аз 9 коршинос, ки аз 23 то 27 январи соли 2023 баррасии миёнамӯҳлати Барномаи миллии мубориза бар зидди эпидемияи ВНМО/БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025-ро анҷом доданд муаррифӣ ва муҳокима карда шуданд ва аз натиҷаи он барои беҳтар намудани татбики Барномаи миллии мубориза бар зидди эпидемияи ВНМО/БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 тавсияҳои пешакӣ пешниҳод карда шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки миссияи ТУТ фаъолиятро дар ин самт идома дода, дар ояндаи наздик шакли ниҳоии ҳисоботро оид ба натиҷаҳои баррасии миёнамӯҳлат пешкаш хоҳад кард.