Баррасии миёнамӯҳлати Барномаи миллии мубориза бар зидди эпидемияи ВНМО ва БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
23.01.2023
Вохӯрии хотимавӣ бо ҳайати ТУТ оид ба пешниҳоди натиҷаҳо ва тавсияҳои арзёбии миёнамӯҳлати Барномаи миллии мубориза бар зидди эпидемияи ВНМО/БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
27.01.2023

Ҷаласаи гурӯҳи кории техникӣ оид ба таҳияи дархости кишвар барои гирифтани гранти Хазинаи глобалӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО/БПНМ ва сил

Имрӯз, 25 январи соли 2023, дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории техникӣ (ГКТ) оид ба таҳияи дархости кишвар барои дарёфти гранти Хазинаи глобалї дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО/БПНМ ва сил дар доираи давраи нави маблағгузорӣ барои солҳои 2024-2026, ки ба Тоҷикистон ҷудо шудааст, баргузор гардид..

Дар вохӯрӣ аъзои гурӯҳҳои кории техникӣ аз ҳисоби Кумитаи миллии ҳамоҳангсози мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, мушовирон ва дигар шахсони даъватшуда ширкат варзиданд.

Дар вохӯрӣ корҳои аввалини иҷрошуда дар самти таҳияи лоиҳаи дархости кишвар барои дарёфти маблағгузории Хазинаи глобалӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО/БПНМ ва сил дар давраи солҳои 2024-2026 ва банақшагирии қадамҳои минбаъда дар раванди навиштани дархост пешниҳод ва баррасӣ шуданд.

Дар асоси натиҷаҳои баррасии масъалаҳои рўзномаи ҷаласаи ГКТ тасмим гирифта шуд, ки лоиҳаи дархости кишварӣ бо назардошти эродҳо ва пешниҳодҳое, ки аз ҷониби аъзои ГКТ ва шарикон пешниҳод гардиданд, такмил дода мешавад.