Вохӯрии шарикони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷомеаҳо, сохторҳои давлатӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар доираи Муколамаи миллӣ оид ба омода намудани дархости кишварии нав оид ба дарёфти маблағгузории Хазинаи глобалӣ
19.12.2022
Ҷаласаи гурӯҳи кории техникӣ оид ба таҳияи лоиҳаи дархост ҷиҳати дарёфти гранти нави Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО ва сил
23.01.2023

Вохӯрии кормандони Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушовирон

Имруз, 20 январи соли 2023 дар дафтари ЮНЭДС дар Тоҷикистон вохӯрии кормандони Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушовирон оид ба навиштани қисмати ВНМО/БПНМ-и дархости нави кишвар барои гранти Хазинаи Глобалӣ оид ба мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ ва сил барои солҳои 2024-2026 Татьяна Дешко, Катерина Бойко ва Болтаева Мария баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои таҳияи қисмати ВНМО/БПНМ-и дархости нави кишвар барои гранти Хазинаи Глобалӣ оид ба мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ ва сил барои солҳои 2024-2026, аз ҷумла масъалаҳои ташкилии вохӯриҳои мушовирон бо ташкилотхои давлати ва гайридавлати мухокима карда шуданд.

Мушовирон қайд карданд, ки онҳо аллакай раванди ҷамъоварии маълумотро барои омода намудани лоиҳаи дархост оғоз кардаанд ва изҳор доштанд, ки лоиҳаи дархостро дар мухлати муайянгардида пешниход менамоянд..