Номаи Хазинаи Глобалӣ дар бораи ҷудо намудани маблағ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО ва сил барои давраи ҷудокунии маблағ – солҳои 2023-2025
16.12.2022

Оғози раванди таҳияи дархости кишвар барои дарёфти маблағгузорӣ аз Хазинаи глобалӣ дар самти мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО ва сил барои солҳои 2024-2026

Бо мақсади омода намудани лоиҳаи дархости кишвар барои дарёфти маблағгузорӣ аз Хазинаи глобалӣ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО ва сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 бо фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВТҲИА) аз 06.09.2022, N650 ва аз 21 сентябри соли 2022, №686 гурӯҳҳои кории байнисоҳавӣ таъсис дода шуданд, ки ба ҳайати онҳо намояндагони Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бо бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон, ВТҲИА, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятие, ки дар соҳаи бемориҳои ВНМО ва сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд, шомил мебошанд.

Ҳайти Гурӯҳи кории техникӣ оид ба бемории ВНМО.

Ҳайти Гурӯҳи кории техникӣ оид ба бемории сил.

Ҳамаи шарикон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони шахсони мубталои ВНМО/БПНМ, сил ва вараҷа метавонанд пешниҳодҳои худро ҷиҳати ворид намудан ба лоҳаи дархости кишвар ба гурӯҳҳои корӣ ё ба Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳансгсозӣ (почтаи электронӣ: ncc.tajikistan@gmail.com ) пешниҳод намоянд.

Ҳуҷҷатҳоро вобаста ба пешниҳоди дархост ба Хазинаи глобалӣ метавонед
тавассути истиноди зерин пайдо намоед:

https://www.theglobalfund.org/en/applying-for-funding/-funding/